ДДК 70- сола мешавад

Май 22, 2014 09:49

Кӯлоб, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Имсол 70-  солагии Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб(ДДК) ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар донишкада чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор гашта истодаанд. Дар ҳудуди донишкада бунёди чанд иншооти нави варзишӣ ва китобхонаи электронӣ бо лавозимоти муосир идома дошта, то рӯзи ҷашн мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. 
Дар робита ба ин аз ҳисоби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди дастгоҳи Президенти кишвар бинои  7- ошёна сохта шуда, ба донишкада такдим мешавад. 

Май 22, 2014 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш