Диққати ҷиддӣ ба Созмони талабагӣ
Шаҳраки Сомониён, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Тибқи иттилои раиси Шӯрои Созмони талабагии ба номи Исмоили Сомонӣ Рухшона Шобуддинова алҳол дар Маркази эҷодиёти кӯдакон ва наврасони ноҳияи Рӯдакӣ дар 12 маҳфили касбу ҳунаромӯзӣ 420 нафар хонанда дар 42 гурӯҳ фаъолияти пурсамар доранд.
Созмони талабагии мазкур аз рукнҳои муҳими тарбияи ахлоқии ҳамидаи насли наврас ба ҳисоб рафта, дар кори таълиму тарбия ҳиссаи босазо дорад.
Гузаронидани чорабиниҳои шавқовару фарҳангӣ, вохӯриву суҳбатҳои муфид, дӯхтан, сохтан ва ихтироъҳои наврасон дар маркази эҷодиёти кӯдакону наврасон ба ҳукми анъана даромадааст.
Кӯдакону наврасоне, ки дар созмонҳои талабагӣ фаъолият доранд, маҳорати эҷодӣ, қобилияти зеҳнии хешро сайқал медиҳанд, таҷриба меомӯзанд ва худро ҳамаҷониба ба санҷишҳо ва талаботи давру замон омода менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






