Диққати ҷиддӣ ба Созмони талабагӣ

Май 7, 2014 11:52

Шаҳраки Сомониён, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Тибқи иттилои раиси Шӯрои  Созмони талабагии ба номи Исмоили Сомонӣ Рухшона Шобуддинова алҳол дар Маркази эҷодиёти  кӯдакон ва наврасони ноҳияи Рӯдакӣ дар  12 маҳфили касбу ҳунаромӯзӣ 420 нафар хонанда дар 42 гурӯҳ фаъолияти пурсамар доранд. 
Созмони талабагии мазкур аз рукнҳои муҳими тарбияи ахлоқии ҳамидаи насли наврас ба ҳисоб рафта, дар кори таълиму тарбия ҳиссаи  босазо дорад.
Гузаронидани чорабиниҳои шавқовару фарҳангӣ, вохӯриву суҳбатҳои муфид, дӯхтан, сохтан ва ихтироъҳои наврасон дар маркази эҷодиёти кӯдакону наврасон ба ҳукми анъана даромадааст.
Кӯдакону наврасоне, ки дар созмонҳои талабагӣ фаъолият доранд, маҳорати эҷодӣ, қобилияти зеҳнии хешро сайқал медиҳанд, таҷриба меомӯзанд ва худро ҳамаҷониба ба санҷишҳо ва талаботи  давру замон омода менамоянд. 
 

Май 7, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд