Донишҷӯи ДДХ-«Маликаи соли 2014»

Май 21, 2014 16:20

 
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Донишҷӯи соли якуми факултаи география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Саноат Раҳимова дар озмуни «Маликаи соли 2014»-и шаҳри Хуҷанд ғолиб гардида, сазовори мукофоти олии Гран при шуд. Дар канори ин, ҷойи дуюмро Нилуфар Юсуфова аз факултаи математика ва ҷойи сеюмро Фарангис Муҳиддинова, донишҷӯи факултаи таърих ва ҳуқуқ, ки ҳарду низ донишҷӯи донишгоҳи номбурда мебошанд, ба даст оварданд. Ба «Маликаи соли 2014»-Саноат Раҳимова роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» дода шуд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи ҷавонони раёсати Донишгоҳи давлати Хуҷанд  Карим Иброҳимов озмуни «Маликаи сол» дар маркази вилоят ҳама сола гузаронида шуда, ин чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспӯшӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебоипарастии ҷавонон ташкил мешавад. Соли ҷорӣ дар давраи ниҳоӣ 6 нафар довталаб дар озмуни «Маликаи соли 2014» иштирок намуд.
Ин манбаъ афзуд, ки чанде қабл донишҷӯи соли дуюми факултаи математикаи донишгоҳ Нилуфар Юсуфова дар озмуни байни мактабҳои олии шаҳр «Зан — офарандаи ҳаёт» иштирок намуда, сазовори шоҳҷоиза гардид.
 

Май 21, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст