Донишҷӯи ДДХ-«Маликаи соли 2014»
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Донишҷӯи соли якуми факултаи география-экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Саноат Раҳимова дар озмуни «Маликаи соли 2014»-и шаҳри Хуҷанд ғолиб гардида, сазовори мукофоти олии Гран при шуд. Дар канори ин, ҷойи дуюмро Нилуфар Юсуфова аз факултаи математика ва ҷойи сеюмро Фарангис Муҳиддинова, донишҷӯи факултаи таърих ва ҳуқуқ, ки ҳарду низ донишҷӯи донишгоҳи номбурда мебошанд, ба даст оварданд. Ба «Маликаи соли 2014»-Саноат Раҳимова роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон» дода шуд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи ҷавонони раёсати Донишгоҳи давлати Хуҷанд Карим Иброҳимов озмуни «Маликаи сол» дар маркази вилоят ҳама сола гузаронида шуда, ин чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспӯшӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебоипарастии ҷавонон ташкил мешавад. Соли ҷорӣ дар давраи ниҳоӣ 6 нафар довталаб дар озмуни «Маликаи соли 2014» иштирок намуд.
Ин манбаъ афзуд, ки чанде қабл донишҷӯи соли дуюми факултаи математикаи донишгоҳ Нилуфар Юсуфова дар озмуни байни мактабҳои олии шаҳр «Зан — офарандаи ҳаёт» иштирок намуда, сазовори шоҳҷоиза гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






