Дуздии молу амвол аз ҷониби ноболиғон
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дирӯз аз ҷониби кормандони милитсия чанд далели ҷинояти дуздӣ аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ба мақомоти милитсия шаҳрванд Ширинмоҳ Ашӯрова, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шӯрообод муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми май шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз дохили ҷевон як адад телефони мобилии тамғаи «Эксплей» ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 2900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздӣ ноболиғи 15-сола, сокини ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти миёна дастгир шуд. Аз номбурда далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.
Ҳамчунин сокини пойтахт Абдулазиз Исмоилов, соли таваллудаш 1962 дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2014 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 12 адад кабӯтарро, ки арзиши умумиашон 4000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 16 ва 13-сола, хонандагони синфҳои 10 ва 6-и мактабҳои таҳсилоти миёнаро дастгир намуданд.
Ҳамин тариқ, зимни як чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯии дигар аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17 ва 15-сола, хонандагони синфҳои 10 ва 6-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт ба гумони дуздӣ дастгир шуданд. Дастгиршудагон, рӯзи 16 майи соли ҷорӣ аз дӯкони савдои бозори «Ганҷина», ки ба соҳибкор Раҳматшо Одинашоев, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, як адад видеокамера ва ду адад телефони мобилии тамғаи «Nokia»-ро, ки арзиши умумиашон 1250 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур маводи лозимӣ тартиб дода шуда, дар айни замон тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






