ФФТ «Равшан»-ро қисман сарпарастӣ мекунад

Май 27, 2014 16:31

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).- Федератсияи футболи Тоҷикистон сарпарастии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро қисман ба уҳда гирифтааст. Ёдовар  мешавем, ки Баҳром Рустамов,  сардори дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мегӯяд, то пайдо шудани сарпарасти нав, Федератсияи футболи Тоҷикистон  маоши бозингарони дастаро пардохт хоҳад кард. Дастаи  «Равшан» -ро то кунун ширкати «Ҳоҷӣ Шариф» сарпарастӣ мекард ва муддати ду соли охир чемпиони Тоҷикистон низ буд.
«Ҳоло мо дигар ягон легионер надорем ва бо бозингарони худ кор мекунем. Бовар дорем, ки онҳо дар  оянда бозингарони хуб мешаванд. Ногуфта  намонад, ки дар ояндаи наздик соҳиби сарпараст ҳам мешавем, аммо ҳоло Федератсия моро сахт дастгирӣ мекунад. Дар ҳамин вазъияти бесарпарастӣ, аз ин дида дигар кумаки бузург намешавад», — мегӯяд Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан».
Дастаи футболи «Равшан» сермухлистарин даста буд, ки дар чанд моҳи охир бинобар бе сарпараст мондан тақрибан дар ҳамаи бозиҳояш бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд. Ҳафтаи гузашта ин даста аз рақиби суннатии худ-«Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 9:1 шикаст хӯрд.
Ҳамин тавр, чанд тан аз бозингарони дастаи “Равшан” бо сабаби мушкилоти молӣ тарки ин даста карданд ва ҳатто ҳамлагари асосиаш Девид Мауто ба ҳайати дастаи “Истиқлол” гузашт.
 
 
 

Май 27, 2014 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст