Форуми соҳибкории Тоҷикистону Баҳрайн
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 28 майи соли равон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн Форуми соҳибкории Тоҷикистону Баҳрайн баргузор гардид, ки дар кори он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва баромад намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистонро ба соҳибкорони бонуфузи Баҳрайн муаррифӣ кард ва онҳоро ба ташкил ва густариши ҳамкорие. ки барои ҳарду ҷониб судбахш аст, даъват намуд. Инчунин дар кори Форум роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории ҳарду мамлакат иштирок намуданд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мақсад аз Форум баррасӣ намудани имкониятҳои мавҷудаи тиҷоратию сармояузорӣ, тақвият бахшидани робитаҳои иқтисодии байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн тавассути ҷалби сармоя мебошад.
Дар ҳамоиш фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ ва дурнамои он муаррифӣ карда шуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи чанд соли охир тавассути амалӣ намудани ислоҳоти ҷиддӣ барои соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 40 имтиёз муайян шудааст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи аволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Косим оид ба афзалиятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузорӣ дар самти рушди бахши хусусӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофию иқлими муносиб, дастрасии боигариҳои табиию канданиҳои фоиданок ва қувваи кории арзону соҳибтахассус маърӯза намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






