Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Латвия дар Душанбе
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9 ва 11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Латвия баргузор мегардад. Дар Форум иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш дар назар аст.
Дар форум ҳамчунин маросими расмии баимзорасонии ҳуҷҷатҳо оид ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Латвия, намоиши филми кӯтоҳмуддат дар мавзӯи «Саёҳат дар Латвия», намоиши филми кӯтоҳмуддат оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Баргузории вохӯрии дутарафаи соҳибкорон ва намояндагони идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Латвия низ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






