Футболбозони ДМИТ- дар ҷои аввал

Май 22, 2014 16:31

Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино ва дар доираи «Соли 2014- соли оммавияти футбол» дастаи варзишии футболбозони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) аз 25-и апрел то 15-уми майи соли 2014 дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд, ки бахшида ба 90-солагии шаҳри Душанбе ва Рӯзи ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳия» миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар байни 14 даста доир гардид, фаъолона иштирок намуд. Дар даври ниҳоӣ аъзои дастаи Донишкадаи молия ва иқтисод бо футболбозони маҳаллаи Чортеппа қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2-1 ғолиб омада, сазовори ҷои аввал шуданд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар маросими ҷоизасупорӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДМИТ Ашӯрбой Солиев, президенти Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино А. Ғаффоров иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Маликшо Неъматов ба дастаи ғолиб Ҷоми раиси ноҳияи Синоро дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Дастаи дигари донишкада сазовори ҷои чорум шуда, бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
 
 

Май 22, 2014 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад