Гулчини сурудҳо аз эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ

Май 7, 2014 16:18

 
  Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Маҳфили назариявӣ-эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 100-солагии композитори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ 6 май дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода  доир гардид. Дар он ректори донишкадаи мазкур Диловар Латипов, мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Сангалӣ Ҳомидов ва донишҷӯи курси 4-уми факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ Фарзияи Насриддин оид ба саҳми Зиёдулло Шаҳидӣ дар рушди мусиқии касбии тоҷик, эҷодиёти операвӣ ва симфонӣ ва лаҳнҳои мардумӣ дар эҷодиёти вокалии устод сухан ронданд.
Дар қисмати фароғатӣ гулчини консерт аз эҷодиёти З.Шаҳидӣ сурудҳои «Хонаи мо» (шеъри Мирзо Турсунзода), «Пойтахти ман», «Душанбе», «Дилдода шудам», «Шодии дил», «Иди зафар» (шеърҳои Боқӣ Раҳимзода), «Оби равон», «Ранҷида аз ман», «Муҳаббат» (шеърҳои Аминҷон Шукӯҳӣ), «Гулҷаҳон» (шеър ва оҳанги З.Шаҳидӣ) ва дигар оҳангҳои эҷоднамудаи Зиёдулло Шаҳидӣ садо доданд.
 
 
 
 
 
 

Май 7, 2014 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?