Хисораи оташбозии кӯдаки чорсола

Май 19, 2014 15:48

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас  Темурзода). – Оташбозӣ боиси оқибати  ҳузновар  гардид. 
Назар ба  хабари  ВКД ҶТ,  18  май  дар  манзили  сокини  шаҳри  Исфара  Кенҷа Каримов  сӯҳтор  сар  зада, масоҳати  30 метри  мураббаъро  фаро  гирифт. 
Бар  асари  сӯҳтор  боми   бино  ва  асбобҳои  рӯзгори   хонаводаи Кенҷа  Каримов  сӯхтанд. Сабаби  оташ  гирифтани  бино  оташбозии  набераи  соҳиби  хона Сафохон  Каримови  чорсола буд. 
Хисораи  оташбозии  кӯдак  3  ҳазор сомониро  ташкил  дод.
Худи  ҳамон рӯз  дар  саройи  манзили  сокини  шаҳри  Хуҷанд  Муборак  Неъматова  сӯхтор  сар  зад,  масоҳати  40  метри  мураббаъро  фаро  гирифт. Сабаби  ин  сӯхтор  таҳти назорат  нагирифтани  зарфи  гази  моеъ  будааст. Зарари  сӯхтор  2 ҳазор  400 сомониро ташкил  дод.

Май 19, 2014 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд