Хуруҷи неруҳои коалитсионӣ аз Афғонистон баррасӣ шуд
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -15 майи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо ҳайати Конфедератсияи Швейтсария таҳти роҳбарии директори генералии агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд Мартин Даҳинден мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба вазъият ва имконияти тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду давлат мубодилаи афкор намуданд.
Мусоҳибон зикр намуданд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар сатҳи хуб қарор доранд ва иқтидори бузург баҳри рушди онҳо вуҷуд дорад.
Инчунин масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъияти амниятӣ бо назардошти хуруҷи неруҳои коалитсионӣ аз Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






