Иқдоми АМВТ бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз дар Кохи «Ваҳдат» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ) дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи Ҳелветас оид ба танзими оила аз тариқи саволу ҷавоб, ки қоидаву низом ва раванди солими хамзистиву оиладорӣ, муҳтавои саволномаҳоро ташкил медод, иқдом доир намуд. Дар чорабинӣ ба ширкаткунандагон дастурамалҳое, ки дорои мавзуъҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ буданд, дастрас шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ- ин шинохти воқеии арзишҳои аслии оиладорӣ, доштани мавқеи устувор, вусъати назар ва эҳсоси масъулияти бештар дар робита ба интихоби ҳамсар ва ташкили як хонаводаи хуб ва ҳамдигарфаҳмӣ дар масоили рӯзмарраи зиндагӣ буд.
Ёдрас мешавем, ки масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон роҷеъ ба фаъолияти ҳаракати волонтёрӣ, ҳуқуқу манфиат ва уҳдадориҳои волонтёрон суҳбати озод бо фаъолон ва ҷавонони шаҳри Қурғонтеппа, Кӯлоб ва минтақаи Рашт доир намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






