Иҷрои супоришҳои Паём
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) доир ба тақвияти низоми ягонаи омўзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунари дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин, дар маҷмӯъ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба омўзиши касбҳои гуногун ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар мебошад.
Дар робита ба ин ҳафтаи гузашта 20 нафар довталаб курси 3 моҳаи филиали Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисоси муҳосибӣ аз тариқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2014-2015» хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гаштанд.
Тавре ки сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Рустамҷон Умаров хабар дод, 3 хатмкарда аллакай соҳиби ҷои кор гашт.
Дар Паём аз ҷониби Сарвари Давлат инчунин зикр шуд, ки миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин барои беҳтар кардани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Тавре ки сарчашма баён намуд, соли ҷорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ин рӯ ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳру навоҳии мамлакат супориш дода шуд, ки ин корро дуруст ва пайгирона ба роҳ монанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






