Иҷрои супоришҳои Паём

Май 26, 2014 15:01

Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) доир ба тақвияти низоми ягонаи омўзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунари дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин, дар маҷмӯъ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба омўзиши касбҳои гуногун ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ дар кишвар мебошад. 
Дар робита ба ин ҳафтаи гузашта 20 нафар довталаб курси 3 моҳаи филиали Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисоси муҳосибӣ аз тариқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2014-2015» хатм намуда, соҳиби  шаҳодатнома гаштанд.
Тавре ки  сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Рустамҷон Умаров хабар дод, 3 хатмкарда аллакай соҳиби ҷои кор гашт.
   Дар Паём аз ҷониби Сарвари Давлат инчунин зикр шуд, ки миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин барои беҳтар кардани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Тавре ки сарчашма баён намуд,  соли ҷорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ин рӯ ба  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳру навоҳии мамлакат супориш дода шуд,  ки ин корро дуруст ва пайгирона ба роҳ монанд.

Май 26, 2014 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!