Идомаи озмуни муаллими сол
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни минтақавии «Муаллими соли Тоҷикистон-2014» идома дорад. 13 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар озмуни мазкур ширкати фаъолона дорад. Довталабон баробари иҷрои шартҳои дигари озмун, боз соате дар ягон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар ҳузури аъзои ҳайати ҳакамон дарс хоҳанд гузашт.
Тибқи иттилои ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Латофат Назирова барои шаффоф ва ҳаққонӣ гузаштани озмун комиссияи бонуфуз таҳти сарварии академик Маҳмадулло Лутфуллоев таъсис дода шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






