Идрорпулии раиси вилояти Суғд ба 26 нафар

Май 12, 2014 15:41

Душанбе,12.05.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 21 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров баъди гузаштан аз се даври озмун, чун гирандагони идрорпулии раиси вилоят муайян гардиданд.  Ҳамчунин як нафар магистрант ва 4 нафар аспиранти ин донишгоҳ  ба чунин идрорпулӣ дастёб шуданд. Дар дунболи ин 10 нафар донишҷӯи ин донишгоҳ  аз раиси шаҳри Хуҷанд ва 7 нафар аз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гирифтани идрорпулӣ, дар даври ниҳоии озмун ғолиб баромадаанд. 
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ  Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, тибқи қарори раиси вилояти Суғд дар соли хониши 2013-2014 барои донишҷӯёну аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят идрорпулиҳо таъсис шуда, тибқи муқаррарот донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки аз фанҳои таълимӣ 75 фоиз баҳои аъло доранд, аз тариқи ғолибият дар озмун метавонанд идрорпулиҳои раиси вилоятро дарёфт намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли хониши 2013 — 2014 барои донишҷӯён ва аспирантон 100 адад идрорпулӣ муқаррар шудааст. Як идрорпулии раиси вилоят барои аспирантон 1000 сомонӣ ва барои донишҷӯён 800 сомонӣ муайян шудааст, ки ҳамагӣ як маротиба дода мешавад.
 
 

Май 12, 2014 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст