«Ифтихор»-и Муҳаммад Ғоиб дастовези «Адиб» ба ҷашни Ваҳдат
Душанбе, 24.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба ифтихори ҷашни ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, нашриёти «Адиб» маҷмӯи китобҳои шоирону адибони шинохтаи тоҷикро ба тозагӣ мунташир кард. Инҳо ашъори шоирони саршиноси тоҷик «Рӯ ба меҳроби Ватан»-и Камол Насрулло, «Ифтихор»-и Муҳаммад Ғоиб, «Ваҳдатистон»-и Ҷумъа Қувват, «Дурахши истиқлол»-и Давлат Сафар ва «Хуршеди нурафшони мо», ки муаллифаш Орзу Шодӣ аст, ба шумор мераванд.
Фарҳод Каримзода -раиси нашриёти «Адиб» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон нашриёт бархе аз китобҳоеро, ки муаллифони дастаҷамъона доранд, интишор намудааст. Инҳо китобҳои «Бахтофарин», «Шоҳроҳи истиқлол», «Гулбонги истиқлол» ва «Чакомаи ваҳдат» мебошанд. Мазмун ва мундариҷаи китобҳои ба тозагӣ интишорнамудаи «Адиб» саршор аз таҷассуми меҳри ватан, садоқат ба меҳан, ваҳдату ҳамрайъӣ, дӯстиву рафоқат, ифтихор аз гузаштаю имрӯзи кишвар, шукргузорӣ аз истиқлолияту ватани азиз -Тоҷикистони офтобист. 10.50.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






