Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ дар Спитамен

Май 29, 2014 16:29

Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ   зимни сафари худ ба ноҳияи Спитамен дар деҳаи Саидқӯрғон ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Муҳайё & СО» оғоз бахшид.
Коргоҳи мазкур дар асоси дастуру супориши Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов қомат афрохта, барои  бунёд намудани ин иншоот 1 милиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
Дар толори коргоҳи навтаъсис намоиши дастранҷи ҳунармандони ноҳия, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, либоси миллӣ, асбобҳои мусиқӣ баргузор гардид. Роҳбари вилоят ба  асбобҳои мусиқии пешкаш гардида, ки маҳсули меҳнати устоҳои ҳамин ноҳия мебошанд, мароқ зоҳир намуда,  дастур дод, ки ин асбобҳо бояд мавриди истифодаи аҳли санъати вилоят қарор гиранд.
Дар сехи дӯзандагии коргоҳ зиёда аз 100 нафар бону бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст. Тавре ки иттилоъ дода шуд, иқтидори солонаи корхона ба истеҳсоли 50 ҳазор дона либоси мактабӣ ва  30 ҳазор либоси миллӣ баробар аст. Дар коргоҳ асосан занону духтарони ҳамин деҳа ба кори доимӣ ҷалб гардида, ҳаҷми миёнаи маоши онҳо 500 сомониро ташкил медиҳад.
 
 
 

Май 29, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад