Ифтитоҳи маркази омӯзишӣ дар ҷамоати Ворух

Май 21, 2014 15:41

Хучанд, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар яке аз дурдасттарин минтақаҳои шимоли кишвар-ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара бо ташаббус ва кӯмаки бевоситаи бахши суғдии Кумитаи Имдоди Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд ду маркази омӯзишӣ:  дӯзандагӣ ва компютерӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. 
Минбаъд дар маркази дӯзандагӣ дар ду баст 20 нафар духтар ва дар бахши компютерӣ 10 нафар ҷавон ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Баҳри фаъолияти самараноки марказ аз ҷониби Кумитаи Имдод 8 адад мошинаи дӯзандагии замонавӣ ва 5 адад дастгоҳи компютерӣ ҳадя гардид. 
Боиси зикр аст, ки имрӯз бо кӯмаки Кумитаи Имдод дар 18 шаҳру навоҳии вилояти  Суғд 26 маркази омӯзишӣ дар бахшҳои  дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, кафшергарӣ, мутахассиси техникаи санитарӣ ва компютерӣ амал мекунад, ки ҳамарӯза дар он наздик ба 600 нафар ҷавон бо омӯзиши ройгон фаро гирифта мешавад.  Дар умум то имрӯз дар марказҳои зерин наздики 8 ҳазор сокини вилоят омӯзиш гирифтааст. 
20 май инчунин аз тарафи Сарраёсати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ҷамоати мазкур коргоҳи омӯзиши қаннодӣ низ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Май 21, 2014 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст