Ифтитоҳи намоишгоҳи суратҳо дар Душанбе
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). — 6 май дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ифтитоҳи намоишгоҳи суратҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва 70 — солагии аз муҳосира пурра озод шудани шаҳри Ленинград баргузор гардид.
Тавре ки аз Намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар толори ёдгориҳои Осорхонаи миллӣ маросими ботантанаи қайчӣ намудани навор баргузор гардида, сипас меҳмонони олиқадр ва собиқадорони ҷанг расму китобҳо ва суратҳоеро, ки Намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии кишвар тақдим намудааст, тамошо карданд.
Дар анҷоми ин чорабинӣ собиқадорони ҶБВ фикру мулоҳизаҳояшонро дар дафтари меҳмонони фахрии осорхона сабт намуданд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз 116 нафар собиқадорони ҷанг ва 353 нафар коркунони ақибгоҳ дар қайди Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр буда, роҳбарияти кишвар ҳар моҳ ба онҳо ёрии маънавию моддӣ мерасонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






