Ифтитоҳи намоишгоҳи суратҳо дар Душанбе

Май 7, 2014 14:58

Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона  Достонзода). —  6  май  дар  шаҳри  Душанбе  маросими ботантанаи  ифтитоҳи   намоишгоҳи  суратҳо бахшида  ба  Рӯзи Ғалаба  ва  70 —  солагии аз  муҳосира  пурра озод  шудани  шаҳри  Ленинград  баргузор  гардид. 
Тавре  ки   аз   Намояндагии Ҳамкории Русия   дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  толори ёдгориҳои Осорхонаи  миллӣ маросими  ботантанаи  қайчӣ  намудани навор  баргузор  гардида,  сипас меҳмонони  олиқадр  ва   собиқадорони  ҷанг расму  китобҳо ва суратҳоеро, ки   Намояндагии  Ҳамкории  Русия  дар  Тоҷикистон ба  Осорхонаи  миллии  кишвар  тақдим  намудааст, тамошо  карданд. 
Дар  анҷоми  ин  чорабинӣ собиқадорони  ҶБВ  фикру  мулоҳизаҳояшонро  дар  дафтари   меҳмонони  фахрии  осорхона    сабт  намуданд.
Қобили  зикр  аст, ки  имрӯз  116  нафар  собиқадорони ҷанг ва 353  нафар коркунони  ақибгоҳ  дар  қайди Шӯрои собиқадорони  ҷангу  меҳнати  шаҳр  буда, роҳбарияти  кишвар ҳар  моҳ  ба  онҳо  ёрии маънавию  моддӣ  мерасонад.

Май 7, 2014 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш