Иловаи моддаи нав дар Кодекси ҷиноятӣ

Май 21, 2014 16:19

 Душанбе,21.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 401 эзоҳи 1,  ки ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  шахсони бешаҳрванд дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳоро пешбинӣ менамояд, илова намуданд. Тибқи ин илова шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави дигар кишварҳо ба амалиёти мусаллаҳона ва ҷангӣ ҷалб гардида, иштирок менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. 
     Абдуманнон Холиқов- муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ, зимни ташреҳи ин масъала гуфт, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда дар давоми 7-8 соли охир ҳолати иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ дар дигар кишварҳо ба назар мерасад. Танҳо дар давоми соли 2013 аз ҷониби мақомоти марбутаи Тоҷикистон нисбат ба  6 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ барои иштирок дар дигар амалиёти ҷангии кишварҳои хориҷӣ,  хусусан Сурия кори ҷиноятӣ оғоз гардида, се нафарашон бо ҳукми суд маҳкум шуданд. 
        Таъйини ҷазо бо назардошти оне, ки кирдор дар ҳудуди дигар давлатҳо содир шудааст, бо дастрасии  меъёри моддаи  15-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳадди болоии ҷазоро дар доираи ҳадди болоии ҷазои қонуни кишвари хориҷӣ, ки барои чунин кирдор ҷазо пешбинӣ намудааст, таъйин карда мешавад. Мавсуф афзуд, ки  омӯзиш ва таҳлили парвандаҳо нишон дод, ки дар айни ҳол ин кирдор,  яъне ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо мутобиқи қисми дуюми моддаи 187 Кодекси ҷиноятӣ -иштирок дар ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷиноятӣ роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил банду баст мешаванд.
     Илова намудани моддаи нав ба Кодекси ҷиноятии кишвар дар ҳолест, ки тибқи омори расмии муфтиёти Сурия иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти мусаллаҳона дар ин кишвар алайҳи ҳукумати Башор Асад 190 нафар арзёбӣ мегардад.

Май 21, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд