Имзои Созишномаи байни палатаҳои Тоҷикистон ва Ар — Риёд

Май 2, 2014 12:00

Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих). —  Раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ Шариф  Саид  дар  ҳошияи  Анҷумани  иқтисодии  «Лигаи  кишварҳои  Араб +Осиёи  Марказӣ + Озарбойҷон» бо   раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  шаҳри  Ар – Риёд (Арабистони  Саудӣ)  Абдураҳмон бани Абдуллоҳ  ал – Замил мулоқот  анҷом  дод.
Тавре  ки  аз  ПСС ҶТ  ба АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ҳадафи  асосии  мулоқот  иборат  аз  рушди  фаъолияти палатаҳо,  ҳамчунин ҳамкории тиҷоратию  иқтисодии байни  ҳар  ду  кишвар  буд. 
Ҷонибҳо  дар  ҷараёни  гуфтушунид  дурнамои  муносибатҳои  тиҷоратию  иқтисодии Тоҷикистон   ва  Арабистони  Саудӣ,  аз  ҷумла  роҳҳои  рушду таҳкими ҳамкории мустақими соҳибкорон,  бунёди  корхонаҳои  муштарак,  ҷалби  сармояҳои  инфиродӣ  ва  истифодаи технологияҳои муосир дар  бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти  Тоҷикистонро  маврди  муҳокима  қарор  доданд. 
Шариф  Саид ва Абдураҳмон  бани Абдуллоҳ ал – Замил  аз  рӯи натиҷаи  мулоқот  Созишномаи  ҳамкориро  ба  имзо  расониданд, ки  он қадами  наве  дар  рушди ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодии байни ҳар  ду  кишвар  мебошад.
Созишнома  ташкили  иштироки  соҳибкорони  ҳар  ду  кишвар  дар  анҷуманҳои  доимӣ ва омӯзишу  татбиқи  имкониятҳои  ҳамкориро  дар  назар  дорад. Ҷонибҳо  ҳамчунин  дар  ҳошияи  созишнома  барои  ташкили  иштироки   соҳибкорони  ҳар  ду  кишвар  дар  конфронсҳо,  намоишгоҳҳо  ва  форумҳои  тоҷирону  соҳибкорон  ба  якдигар кӯмак  менамоянд.

Май 2, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад