Ишғоли ғайриқонунии қитъаи замин ошкор шуд

Май 27, 2014 14:07

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, рӯзи 26 майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян шуд, ки сокини 57-солаи шаҳри Истаравшан Ҳасан Ниёзматов, моҳи январи соли 2014, худсарона аз ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара 79 метри мураббаъ қитъаи заминро бе ягон ҳуҷҷати расмӣ ишғол намуда, дар он бинои истиқоматӣ бунёд кардааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад. 
Сарчашма ҳамчунин хабар медиҳад, ки сокини 36-солаи ноҳияи Шаҳристон Мавлонқул Шукуров низ ҳамин тариқ моҳҳои август-ноябри соли 2013  аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шукуров»-и ноҳияи мазкур худсарона 104,58 метри мураббаъ қитъаи заминро бе ягон ҳуҷҷати расмӣ ишғол намуда, дар он бинои истиқоматӣ сохтааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Май 27, 2014 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст