Иштироки С.Аслов дар кори Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ
Душанбе, 16.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ” дар таърихи 13 майи соли 2014 дар Риёз, ки бо пуштибонии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар Форуми мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва молияи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок доштанд.
Дар Форум масъалаҳои вобаста ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва шарикӣ, мусоидат ба беҳбуд ва рушд, таҳкими сулҳ ва оромиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нишаст дар фазои озод ва ҳамкорӣ гузашт.
Аз натиҷаи Форум Эъломияи нишасти аввали Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Лигаи кишварҳои араб ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.
Дар ҳошияи Форум мулоқотҳои вазири корҳои хориҷии кишвар бо Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб Набил ал-Арабӣ ва вазирони корҳои хориҷии як зумра давлатҳои араб баргузор гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






