«Истеъдодҳои ҷавон — 2014»-озмуни аввал
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 100 — солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов озмуни якуми «Истеъдодҳои ҷавон — 2014» — ро баргузор менамояд.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, озмуни мазкур ба хотири дарёфти истеъдодҳои ҷавону беҳтарин миёни донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе дар бахши навозандагӣ ва сарояндагӣ гузаронида мешавад. Инчунин озмун дар тарғиби эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳонӣ нақши муҳим хоҳад бозид. Ғолибони беҳтарини озмун барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тавсия мешаванд.
Ғолибони озмун бо Диплом ва унвони ҷоизадори озмун қадрдонӣ мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






