КҲФ аз эҳтимоли сар задани офати табиӣ ҳушдор медиҳад

Май 22, 2014 11:55

Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли сар задани офатҳои нави табиӣ дар кишвар ҳушдор додааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод. Кумита дар такя ба иттилои маркази обуҳавошиносии кишвар таъкид намудааст, ки имрӯз, 22 май дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, шабона боришоти сахт, дар баъзе минтақаҳо раъду барқ ва эҳтимоли фаромадани сел мавҷуд аст. Ориф Нозимов аз шаҳрвандон ва меҳмони кишвар даъват кард, ки аз сафар аз тариқи роҳҳои монеадор ва аз шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Инчунин аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки наздикону пайвандони хешро ба назорат гирифта, ба ин васила барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш мусоидат намоянд. Дар ин рӯз ҳайати шахсии ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар шаҳру вилоятҳои кишвар ба ҳолати омодабош гузаронида шудаанд.

Май 22, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад