Кӯдаконро нагузоред фалаҷ шаванд

Май 23, 2014 09:17

Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии беморӣ дар миқёси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 24 то 28 феврали соли 2014 даври якум ва аз 1 то 5 апрели соли 2014 даври дуюми Рӯзҳои эмгузаронии маҳдуд бар зидди бемории фалаҷ дар байни кӯдакони то 5 сола (4 солаю 11 моҳаю 29 рӯза) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Гурӯҳи мақсадноки то 5 сола 20 ҳазору 719 нафар кӯдакро ташкил медод ва аз ин гурӯҳ дар ду давр 20 ҳазору 504 нафар кӯдак ба эмгузаронӣ фаро гирифта шуданд, ки 98,9%-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд,  дар доираи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, аз 14 то 18 апрели соли 2014 даври якуми Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ дар байни кӯдакони то 5 сола (4 солаю 11 моҳаю 29 рӯза) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, Гурӯҳи мақсадноки то 5 сола 1 млн. 106 ҳазору 907 нафар кӯдакро ташкил медод ва аз ин гурӯҳ дар даври якум 1 млн. 092 ҳазору 848 нафар кӯдак ба эмгузаронӣ  фаро гирифта шуд, ки 98,7%-ро ташкил медиҳад.
Аз 19 то 23 майи соли 2014 даври дуюми Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ дар байни кӯдакони синнашон то 5 сола (4 солаю 11 моҳаю 29 рӯза) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Гуруҳи мақсадноки то 5 сола 1 млн. 117 ҳазору 179 нафар кӯдакро ташкил медиҳад ва дар рӯзҳои 19-20-май 638 ҳазору 216 нафар кӯдак ба эмгузаронӣ фаро гирифта шуд, ки 57,1%-ро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол эмгузаронӣ давом дорад.
 
 
 
 

Май 23, 2014 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд