Кашфи муҳргузораки худсохт
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутахассисони «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани рейди якҷоя дар маҳаллаи навбунёди шаҳри Хуҷанд дар анборхонаи соҳибкори инфиродӣ Абдуқодир Набиев ба миқдори махсусан калон маҳсулотҳои гуногуни муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертифакати мутобиқатро ошкор намуданд.
Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки зимни гузаронидани санҷиши якҷоя муайян гардид, ки дар анборхонаи соҳибкори инфиродӣ нӯшокиҳои гуногуни истеҳсоли ватаниву хориҷӣ нигоҳдорӣ ва ба нуқтаҳои фурӯши шаҳру ноҳияҳо тақсим мешаванд.
Миқдори умумии нӯшокиҳои ташнашикани «Coca — cola» зиёда аз 31 ҳазору 400 ададро ташкил дода, соҳибкор бо шарикони худ дар таҷҳизоти махсуси муҳргузораки худсохт ба сохтакорӣ роҳ дода, санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмоли оби нӯшокиро дар сарпӯши зарфҳо сохтакорона дигар намуда, мехостанд онро ба фурӯш бароранд.
Илова бар ин, дар анбори мазкур ба миқдори 2080 адад оби ҷави муҳлати истеъмолаш гузаштаи истеҳсоли Федератсияи Русия, офтобпарасти бирёншуда, 175 адад хамираи помидор дар зарфҳои 2 литра, 792 адад нӯшокии ташнашикани «Арзана» дар зарфҳои полиэтилении ғунҷоишаш 0,7 литра ва дигар маҳсулоте, ки дар тамғақоғаз санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмол нишон дода нашудааст ва якчанд намуди маҳсулоти дигари нӯшокиҳои спиртии бе маркаи аксизӣ ва бе сертификати мутобиқат дарёфт ва мусодира гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






