Конфронс бахшида ба 100-солагии З.Шаҳидӣ

Май 7, 2014 16:17

     Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Ба ифтихори таҷлили 100-солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ дирӯз дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» бо иштироки намояндагони  аҳли ҷамоат ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ конфронс баргузор гардид. Дар конфронс маърӯзаҳои илмии устодону шогирдон  дар мавзӯи «Зиёдулло Шаҳидӣ — композитор»,  «Зиёдулло Шаҳидӣ мусиқишинос ва мураббӣ», «Эҷодиёти камеравию вокалии Зиёдулло Шаҳидӣ», «Эҷодиёти операвии Зиёдулло Шаҳидӣ» пешниҳод гардиданд. Инчунин дар муассиса гӯшаи махсус таъсис дода шуд, ки ба ҳаёт ва фаъолияти оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шудааст.
Дар ҷамъомад порчаҳо аз филмҳое, ки ба ҳаёти Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шуда буданд, намоиш дода шуданд. 
Инчунин дар ин рӯз дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев бахшида ба 100-солагии композитори маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Баъди бахши назарияи мусиқӣ, ки ба ҳаёт ва фаъолият, сурудҳои офарида, мусиқии камеравӣ ва операҳои Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шуданд, барномаи консертӣ доир гашт. Дар барномаи консертӣ асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ «Алла», «Дорад ҳавас», «Муҳаббат», «Ситораи ман», «Дар лаби обе», «Хонаи мо», «Офарин»  дар иҷрои хонандагони мактаб таҳти сарварии устодони ҳунар садо доданд.

Май 7, 2014 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст