Конститутсия ба кашмакашиҳои сиёсӣ хотима бахшид

Май 16, 2014 16:07

Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Прокуратураи генералӣ ба муносибати 20 — умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Шӯрои адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, олимону мутахассисони варзида, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, адвокатура ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Прокурори генералӣ С.Ш. Одина оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳамоиши имрӯза тақвиятбахши чорабиниҳои анҷомёфта ва дарпешистодаи ин гуна силсилабарномаҳо буда, ба 20 — умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ бахшида шудааст. Ин санади муҳиму сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум ва роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Баррасии ин масъала дар арафаи таҷлили ҷашни 20 — солагии Конститутсияи ҶТ, ки онро Президенти кишвар қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат номидааст,  хеле рамзист. 
Дар ҷараёни конфронс таъкид шуд, ки дар Конститутсияи кишвар кафолати риоя ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, аз ҷумла дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо баён шуданд.
Ҳамзамон ибрози назар гардид, ки бо шарофати қабули Конститутсия кашмакашиҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэтимод гузошта шуд.
Ин дастовардҳо, бешубҳа, симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри  навин муаррифӣ менамоянд.
 
 
 

Май 16, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст