Кумаки Сафорати ҶТ дар ФР барои гирифтани иҷозати сафари донишҷӯёни тоҷик ба Русия
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). – Вазорати корҳои хориҷии Русия бо хоҳиши ВКХ Тоҷикистон ва Сафорати ҶТ дар Маскав масоили марбут ба ҳалли масъалаи бекор намудани манъи сафари донишҷӯёни тоҷик ба ин кишварро давра ба давра баррасӣ менамояд. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.«Тавре ки қаблан хабар дода будем, маркази ягонаи маълумот, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия таъсис ёфта буд, сайру сафари ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни ба ин кишвар омадаро ба қайд мегирад. Донишҷӯёне, ки дар рӯйхати марказ ба гирифта шудаанд, қоидаҳои буду бош дар қаламрави Федератсияи Русияро вайрон кардаанд. Бисёрии онҳо аксаран ҳангоми таҳсил дар ФР ба хориҷа сафар карда, аз сарҳади Русия мегузаранду вале баъди бозгашт дар қайди муҳоҷират намеистанд. Гурӯҳи дигари шаҳрвандон низ ҳастанд, ки ба қонуншикании маъмурӣ роҳ медиҳанд. Чунин қонуншиканиҳо на фақат аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, балки аз ҷониби донишҷӯёну аспирантҳои дигари хориҷӣ ҳам ба назар расидаанд. Моҳҳои август ва сентябри соли 2013 масоили ихроҷи донишчӯёни тоҷики муҳассили донишкадаҳои олии Русия боиси норозигии аҳли ҷамъияти Тоҷикистон гардид. Вале баъди дахолати фаврии ВКХ Тоҷикистон ва намояндагии дипломатии ҶТ дар ФР ин мушкилот тадриҷан ҳал мешавад», — гуфт Муҳаммад Эгамзод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






