Мақоми ВАО дар татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — 20 май дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи «Мақоми ВАО дар раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ» барои намояндагони васоити ахбори оммаи миллӣ баргузор гардид. Семинар бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо мусоидати Барномаи рушди СММ роҳандозӣ шуд.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади асосии ин чорабинӣ иборат аз инъикоси васеи татбиқи Стратегияи миллии ҶТ барои давраи то соли 2015 ва дастовардҳо дар ҷараёни татбиқи стратегияи мазкур барои солҳои 2013 – 2015 буд.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои наздиктарин дар минтақаҳои дигари кишвар низ чунин семинарҳои омӯзишӣ доир мешаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






