Маҳфили эҷодии Ӯлмас Ҷамол

Май 19, 2014 15:18

 

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-17 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии шоири шинохтаи ӯзбекзабон Ӯлмас Ҷамол маҳфили адабӣ доир гардид. Дар ҷамъомад шоиру нависандагони ҷумҳурӣ, намояндагони илму адаб, фарҳанг,  мухлисони эҷодиёти устод Ӯлмас Ҷамол иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ оид ба фаъолият ва эҷодиёти соҳибҷашн сухан гуфта, афзуд, ки Ӯлмас Ҷамол шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф буда, дар рушди адабиёти муосир  хизматҳои назаррас кардааст. Дар назди ҳозирин адибон Камол Насрулло, Сайидалӣ Маъмур, Гулрухсор, Шодмон Ҷӯраев, намояндагон аз Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд ва Хатлон сухан гуфта, аз ашъори Ӯлмас Ҷамол шеърҳо қироат намуданд.
  Дар хатми маҳфили эҷодӣ шоир Ӯлмас Ҷамол ба Сарвари Давлат ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани фазои созгори эҷодӣ изҳори миннатдорӣ намуд.   

 

Май 19, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст