Маҳфили шеъри шоири шуҳратёри тоҷик- Бозор Собир
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Рауфова маҳфили шеъри шоири шуҳратёри тоҷик, барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ, дорандаи Ордени «Ситораи Президент» устоди сухан Бозор Собир баргузор мегардад.
Чорабинии фарҳангӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар чорабинӣ ҳунармандон Саидқул Билолов, Муҳаррама Шарифова ва дигарон иштирок карда, аз осори пурғановати Бозор Собир сурудҳо сароянд.
Бозор Собир аз шоирони маъруфи адабиёти муосири тоҷик маҳсуб меёбад. «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






