«Ман зиндагии солимро интихоб менамоям»-мусобиқа
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб мусобиқа аз рӯи волейбол байни дастаҳои идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия баргузор гардид. Мусобиқа таҳти шиори «Ман зиндагии солимро интихоб менамоям» ташкил шуд ва он ба 15-солагии таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида шуд.
Ҷои якум ва ҷоми агентӣ насиби дастаи шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мурғоб гардид, ҷои дуюмро кормандони шуъбаи ВКД-и ноҳия ва ҷои сеюмро сокинони маҳаллаи УПД-и маркази ноҳия ишғол намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






