Манфиатҳои саноати нассоҷиву дӯзандагӣ аз узвият дар СҶТ
Душанбе, 17.05.2014. (АМИТ “Ховар”Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дирӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии омӯзишӣ дар мавзӯи «Узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва таъсири он ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ» доир гардид. Намояндагони соҳаи насоҷиву дӯзандагӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ талаботи СҶТ дар робита бо саноати нассоҷиву дӯзандагӣ, манфиатҳо ва ҷолишҳое, ки ин соҳа аз узвияти кишвар дар ин созмон мебардорад ва амсоли инҳоро баррасӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор шуд. Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тадбиқи уҳдадориҳояш дар баробари СҶТ ва амалисозии созишномаҳои он мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






