Маросими гузоштани санги хотиравӣ ба таҳкурсии пайкараи ҷанговарони тоҷик дар Санкт — Петербург

Май 6, 2014 16:01

Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар,  Марҳабои  Азамат). —  5  май  дар Хиёбони  хотиравии  қабристони  Пискаревои  шаҳри Санкт – Петербург  маросими  ботантанаи гузоштани  санги  хотиравӣ  ба таҳкурсии пайкараи  ҷанговарони тоҷик, ки  дар муҳорибаҳои назди  Ленинград  солҳои Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  ҳалок  гардида  буданд, баргузор  шуд. Намояндаи  расмии Сафорати  ҶТ дар  ФР  Муҳаммад  Эгамзод  дар  ин  бора ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. 
Ба  гуфтаи  манбаъ,  дар ин  маросим  ҳайати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  Сафири  Фавқулодда  ва  Мухтори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Абдулмаҷид  Достиев,  аъъзои  Ҳукумати  Санкт —  Петербург  ва  вилояти  Ленинград,  намояндагони  Вазорати  корҳои  хориҷӣ,  корпуси дипломатии  муқими Санкт —  Петербург,  собиқадорони  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  иштирок доштанд.
Сафири  ҶТ  дар   ФР  Абдулмаҷид  Достиев  зимни  суханрониаш,  аз  ҷумла,  қайд  намуд, ки  халқи тоҷик барои  ғалаба  бар  фашизм баробари халқҳои  дигари  собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ  ифтихор  мекунад.
Сафир  иброз  дошт, ки  дар  солҳои  аввали  ҷанг беш  аз 300  ҳазор  нафар  ихтиёриёни тоҷик ба  майдони  муҳориба  рафта,  92  ҳазор  нафари онҳо  баҳри  муҳофизати  ватан  ҳалок  гардиданд, 50 ҳазор  нафарашон бо ордену  медалҳои  ҷангӣ  мукофотонида шуда,  65 нафарашон  сарфарози  ситораи тиллои Қаҳрамони Иттиҳоди  Шӯравӣ  гардиданд. 

Май 6, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст