Маросими гузоштани санги хотиравӣ ба таҳкурсии пайкараи ҷанговарони тоҷик дар Санкт — Петербург
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). — 5 май дар Хиёбони хотиравии қабристони Пискаревои шаҳри Санкт – Петербург маросими ботантанаи гузоштани санги хотиравӣ ба таҳкурсии пайкараи ҷанговарони тоҷик, ки дар муҳорибаҳои назди Ленинград солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардида буданд, баргузор шуд. Намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин маросим ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев, аъъзои Ҳукумати Санкт — Петербург ва вилояти Ленинград, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, корпуси дипломатии муқими Санкт — Петербург, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд.
Сафири ҶТ дар ФР Абдулмаҷид Достиев зимни суханрониаш, аз ҷумла, қайд намуд, ки халқи тоҷик барои ғалаба бар фашизм баробари халқҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ифтихор мекунад.
Сафир иброз дошт, ки дар солҳои аввали ҷанг беш аз 300 ҳазор нафар ихтиёриёни тоҷик ба майдони муҳориба рафта, 92 ҳазор нафари онҳо баҳри муҳофизати ватан ҳалок гардиданд, 50 ҳазор нафарашон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуда, 65 нафарашон сарфарози ситораи тиллои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






