Маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ифтитоҳ намуданд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳи ин намоишгоҳи бошукӯҳро ба ҳозирин ва кулли мардуми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ табрику таҳният гуфт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии “Дӯсти рассомони ҷаҳон” сарфароз гардонда шуд.Ба ғолибони озмуни рассомони беҳтарини кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу ҷоизаҳо супурда шуд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи беҳтарин мусаввараҳои рассомони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро тамошо карданд.Тавре маълум шуд, дар ин ҷо мусаввараҳои рассомони тоҷик низ ба маъраз гузошта шудаанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






