Маводи мухаддир ба ноболиғ низ тааллуқ доштааст

Май 22, 2014 15:21

 
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дирӯз тахминан соати 13:00-дақиқа, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи «Сурхсангоб»-и ноҳияи Ванҷ аз ҷониби кормандони милитсия мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser», таҳти идораи ронанда Ширинбеков Ширинбек Раҳматшоевич, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Шуғнон, боздошт шуд.
 Зимни азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили чархи эҳтиётиаш 15 кг 840 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Дирӯз ҳамчунин  тахминан соати 05:00-дақиқа, дар ҳудуди мавзеи Дашти Моҳаки ноҳияи Айнӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, мошини тамғаи «Opel — Astra», таҳти идораи ронанда Шукуров Зафарҷон Юсуфҷонович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Истаравшан, пеш бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боздошт гардид. Дар вақти кофтуков аз дохили мошини мазкур 2 кг 040 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки маводи мазкур ба ронанда Зафарҷон Шукуров ва мусофиронаш Вайдулло Шамсиев, соли таваллудаш 1985, пеш бо моддаи 237 қисми 1 ва  244 қисми 2 КҶ ҶТ суд шудааст ва як нафар ноболиғ, сокинони шаҳри Истаравшан тааллуқ дорад.
Аз рӯи ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди тафтиш қарор дорад.

 

Май 22, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст