Маводи мухаддир ба ноболиғ низ тааллуқ доштааст
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дирӯз тахминан соати 13:00-дақиқа, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи «Сурхсангоб»-и ноҳияи Ванҷ аз ҷониби кормандони милитсия мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser», таҳти идораи ронанда Ширинбеков Ширинбек Раҳматшоевич, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Шуғнон, боздошт шуд.
Зимни азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили чархи эҳтиётиаш 15 кг 840 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Дирӯз ҳамчунин тахминан соати 05:00-дақиқа, дар ҳудуди мавзеи Дашти Моҳаки ноҳияи Айнӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, мошини тамғаи «Opel — Astra», таҳти идораи ронанда Шукуров Зафарҷон Юсуфҷонович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Истаравшан, пеш бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боздошт гардид. Дар вақти кофтуков аз дохили мошини мазкур 2 кг 040 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки маводи мазкур ба ронанда Зафарҷон Шукуров ва мусофиронаш Вайдулло Шамсиев, соли таваллудаш 1985, пеш бо моддаи 237 қисми 1 ва 244 қисми 2 КҶ ҶТ суд шудааст ва як нафар ноболиғ, сокинони шаҳри Истаравшан тааллуқ дорад.
Аз рӯи ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди тафтиш қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






