Медали тиллои нависанда
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). — Дар нашриёти «Мадди аввал» — и шаҳри Санкт – Петербург китоби ҳикояю қиссаҳои нависанда, тарҷумон, узви вобастаи Академияи санъати бадеии Тоҷикистон, доктори фахрии фалсафаи бахши адабиёт Абдуғаффор Абдуҷабборов таҳти унвони «Барфи охирин» бо ҳаҷми умумии ҳазор нусха аз чоп баромад.
Бештар аз нисфи нусхаҳои асар дар китобхонаҳои шаҳри Санкт – Петербур ва вилояти Ленинград тақсим шудаанд.
Мактаби таҳсилотӣ ва Донишгоҳи таълимоти асосии Оксфорд барои саҳм ба рушди муносибатҳои байналмилалии адабию фарҳангӣ Абдуғаффор Абдуҷабборовро бо «Медали тилло» сарфароз намуд, ки дипломи онро ректори Донишгоҳи таълимоти асосӣ Санти Ҷаясекёра ба муаллифи китоб супурд.
Хотирнишон месозем, ки Абдуғаффор Абдуҷабборов узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Русия мебошад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






