Моҳи август сарнавишти бунёди «Роғун» ниҳоӣ мегардад

Май 31, 2014 11:32

       Душанбе, 31.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Моҳи июн лоиҳаи ҳисобот оид ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии  «Роғун» нашр мегардад». Ин матлабро  Сароҷ Кумар Ҷа — мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 30 май дар Душанбе иброз дошт. 
    Сароҷ Кумар Ҷа ҳамзамон гуфт, ки дар моҳи июл лоиҳаи мазкур дар ҷараёни вохӯрии намояндагони кишварҳои соҳили Омударё мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
        Назар ба иттилои мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ҳисоботи ниҳоӣ баъд аз омӯзиши афкори мардуми  минтақа дар моҳи августи соли равон тасдиқ хоҳад шуд.

Май 31, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад