Модар, маро пайдо кун!

Май 29, 2014 15:47

Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз, 28 май дар Федератсияи Русия натиҷаи фестивали байналмилалӣ бахшида ба Ҷанги Бузурги ватанӣ таҳти унвони «Якҷоя ғолиб мешавем» ҷамъбаст гардид. Дар маросими супоридани ҷоизаву дипломҳо ба ҳамватани мо Меҳмоншо Меҳмоншоев дипломи махсуси фестивал супорида шуд.  Дар маросим  инчунин кормандони Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР иштирок намуданд. 
Меҳмоншо Меҳмоншоев, аз ҷумла гуфт: «Ин бори аввал аст, ки ман ба мавзӯи ғалаба даст зада, филми мустанад таҳия намудам. Ман аслан  мавзӯъҳои иҷтимоиро рӯи кор меорам, мушкилоти модару  кӯдакро инъикос менамоям».
Хотиррасон мекунем, ки М. Меҳмоншоев муаллифи филмҳои мустанади «Хидоят», «Модар маро пайдо кун!» мебошад.  Инчунин номбурда роҳбари бунёди хайриявии «Модар маро пайдо кун!» мебошад. 
Бино ба гуфтаҳои котиби матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов бунёди мазкур бо намояндагӣ ҳамкории зич дорад.  Занҳои тоҷик ҳангоми пеш омадани мушкилӣ бо таъмини фарзанд ё дигар корҳо ба намояндагӣ  муроҷиат мекунанд ва намояндагӣ онҳоро ба ин бунёд мефиристад. Дар ин ҷо бо модарон равоншиносон кор мебаранду барои кӯдакони онҳо тамоми шароити  зиндагӣ муҳайё мебошад. Ҳадафи асосии бунёд он аст. ки ягон кӯдак бе модар ба воя нарасад. Дар ин ҷо ба модароне, ки хоҳиши аз фарзанд даст кашидан доранд, кӯмакҳои моддию маънавӣ расонида мешавад.  
Танҳо дар соли 2013- 80 зане, ки аз фарзандашон даст кашиданӣ буданд, боз фарзандҳояшонро бо худ монданд. 
Дар ин марказ равоншиносон бо занҳо кор мебаранд, то онҳо муҳим будани худро дар назди тифли худ  дарк намоянд, зеро кӯдак бе модар хуб ба воя расида наметавонад. 
 
 
 
 

Май 29, 2014 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст