Модар, маро пайдо кун!
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз, 28 май дар Федератсияи Русия натиҷаи фестивали байналмилалӣ бахшида ба Ҷанги Бузурги ватанӣ таҳти унвони «Якҷоя ғолиб мешавем» ҷамъбаст гардид. Дар маросими супоридани ҷоизаву дипломҳо ба ҳамватани мо Меҳмоншо Меҳмоншоев дипломи махсуси фестивал супорида шуд. Дар маросим инчунин кормандони Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР иштирок намуданд.
Меҳмоншо Меҳмоншоев, аз ҷумла гуфт: «Ин бори аввал аст, ки ман ба мавзӯи ғалаба даст зада, филми мустанад таҳия намудам. Ман аслан мавзӯъҳои иҷтимоиро рӯи кор меорам, мушкилоти модару кӯдакро инъикос менамоям».
Хотиррасон мекунем, ки М. Меҳмоншоев муаллифи филмҳои мустанади «Хидоят», «Модар маро пайдо кун!» мебошад. Инчунин номбурда роҳбари бунёди хайриявии «Модар маро пайдо кун!» мебошад.
Бино ба гуфтаҳои котиби матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов бунёди мазкур бо намояндагӣ ҳамкории зич дорад. Занҳои тоҷик ҳангоми пеш омадани мушкилӣ бо таъмини фарзанд ё дигар корҳо ба намояндагӣ муроҷиат мекунанд ва намояндагӣ онҳоро ба ин бунёд мефиристад. Дар ин ҷо бо модарон равоншиносон кор мебаранду барои кӯдакони онҳо тамоми шароити зиндагӣ муҳайё мебошад. Ҳадафи асосии бунёд он аст. ки ягон кӯдак бе модар ба воя нарасад. Дар ин ҷо ба модароне, ки хоҳиши аз фарзанд даст кашидан доранд, кӯмакҳои моддию маънавӣ расонида мешавад.
Танҳо дар соли 2013- 80 зане, ки аз фарзандашон даст кашиданӣ буданд, боз фарзандҳояшонро бо худ монданд.
Дар ин марказ равоншиносон бо занҳо кор мебаранд, то онҳо муҳим будани худро дар назди тифли худ дарк намоянд, зеро кӯдак бе модар хуб ба воя расида наметавонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






