МОИ «Суғд» хатти нави технологиро мавриди истифода қарор медиҳад
Хуҷанд, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). — Дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» технологияҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Тавре ки аз маъмурияти минтақаи иқтисодӣ хабар доданд, дар корхонаи муштараки «Силкоат бойя» — и Тоҷикистону Туркия, ки ҷузви Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба шумор рафта, ба истеҳсоли локу ранг ва пардоздиҳӣ машғул аст, хатти нави технологӣ ба кор дароварда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки хели маҳсулот ва ҳаҷми тавлидот зиёд карда шавад.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани технологияи нав иқтисоди лоиҳавии корхона ба 4 ҳазор тонна мерасад.
Роҳбарияти корхонаи мазкур ният дорад, ки барои содироти маҳсулоташ ба Федератсияи Русия ва ҶМЧ шартномаҳои муштаракро ба имзо расонад.
Хотирнишон месозем, ки маҳсулоти корхонаи муштараки «Силкоат бойя» на фақат дар бозори дохилии Тоҷикистон, балки дар бозорҳои кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ харидори зиёде дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






