Мошиндузд дастгир шуд
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Шамсиддин Саидов, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 13 ба 14-уми майи соли ҷорӣ шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили гаражи назди хонаи истиқоматиаш мошини шахсии тамғаи «Opel — Astra»-и ӯро, ки арзишаш 3 ҳазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони дуздӣ шаҳрванд Дилшод Саидов, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






